Консерти унармандони азо дар Душанбе

Ҳунармандони “Қазоқконсерт“ дар Душанбе санъати миллии қазоқиро пешниҳоди мухлисони тоҷикистонӣ карданд. Чорабинӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Зимни он сурудҳои халқии қазоқӣ, асарҳои асбобӣ ва композитсияҳои асбобию хореографӣ иҷро шуданд. Инчунин сурудҳои тоҷикӣ низ садо доданд. Таъкид шуд, ки чунин чоарбиниҳои фарҳангӣ ба таҳкими дӯстию ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Back to Top