Пешвозгирии Фаррух Ҳасанов дар Душанбе
Фаррух Ҳасанов, ғолиби озмуни “Ну-ка, все вместе!“ шоми имрӯз, 28-уми ноябр, вориди Душанбе шуд.
Ӯро Хайринисо Юсуфӣ - муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Обид Назариён - муовини якуми вазири фарҳанг, Дилбар Одилзода - муовини раиси шаҳри Душанбе, волидону пайвандон ва ҳаводорони зиёд пешвоз гирифтанд.
Бояд гуфт, ки Фаррух Ҳасанов дар бузургтарин озмуни мусиқавии Русия “Ну-ка, все вместе!” миёни садҳо беҳтарин овозхонон ғолибият ба даст овард.
Овозхони ҷавони тоҷик бо касби 98 овоз аз 100 узви доварон дар мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” ғалаба ба даст овард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии ин озмунро гирифт.