Афзалшо Шодиев: Фалаксароӣ дардномаи миллати мо аст.
Дар Рӯзи фалак, ки ҳар сол 10 октябр таҷлил мешавад, ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фалаки “Шукрона”, яъне сурудҳои фалакие хонданд, ки дар онҳо шукргузорӣ аз зиндагии имрӯза ва ситоиши пешрафтҳои Тоҷикистон дар чанд соли охир мавзӯи асосӣ буд.