Иштирокдорони тоики муорибаи Курскро бо солгарди пирз дар он шодбош гуфтанд

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия иштирокдорони тоҷики муҳорибаи Курскро бо 81-умин солгарди пирӯзӣ дар ин набард шодбош гуфтанд. Хизматчиёни ҳарбӣ ба собиқадорони муҳорибаи Курск баробари паёми шодбошӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва бастаҳои хӯрокворӣ тақдим намуданд. Мухтор Заргаров, зодаи соли 1924 дар синни 18-солагӣ дар соли 1942 ба ҷанг рафта, дар муҳорибаҳои Курск, Белорус, Украина ва Лаҳистон ҳамчун пулемётчӣ иштирок кардааст. Сафаралӣ Файзалиеви 101-сола низ дар 18-солагӣ дар ҳайати фронти Украина ба хизмат шуруъ намуда, дар муҳоарибаҳори Курск, Воронеж, Киев ва дигар шаҳрҳо иштирок кардаст. Барои хизмати ҳарбӣ бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи II мукофотонида шудааст.
Back to Top